ОҒОЗИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО, МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ВИЛОЯТ

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни омӯзгорону кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии варзишӣ дар намуди шашка байни занҳо ва шоҳмот байни мардҳо, баскетбол байни занҳо ва волейбол байни мардҳо баргузор гардид. Мариди зикр аст, ки дар намуди баскетбол танҳо занони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд байни ҳам рақобат мекунанд.

Зимни оғози спартакиада раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Самизода Мӯсобек зикр дошт, ки мақсаду мароми чорабинии мазкур ин мустаҳкам намудани риштаи дӯстии байни омӯзгорону кормандони шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа мебошад. Қайд гардид, ки солҳои охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту майдончаҳои варзишии зиёде сохта ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа барои обу тоб ёфтани насли наврас ва ҷавонон хидмат мекунад.

Дар чорабинӣ чанде аз меҳмонон аз ҷумла, Қурбонов Абдураҳим – намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, Толиб Оқилов – муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, Кенҷаев Шуҳрат – муовини ректор оид коҳои иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсаи Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба оммавигардонии варзиш фикру андешаи худро баён намуданд.

Пас аз қуръапартоӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба бозии байни дастаҳо оғоз бахшида шуд. Бояд қайд намуд, ки бозии волейбол байни дастаҳои Иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ҷойҳо тибқи тақсимот  идома дорад. Ғолибони онҳо санаи 11-13  май байни ҳам дар вилояти Суғд рақобат мекунанд. Ҳамчунин бозии шашкаву шоҳмот дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон санаи 10 май байни ҳам аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо рақобати намуда истодаанд.

Тибқи нақша бозии байни дастаҳо санаи 13 май дар толори варзишии ДДҲБСТ ҷамъбаст гардида, ғолибони чорабинии варзишӣ бо туҳфаҳои  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *