Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

Ҳамватанони азиз, ҳамкасбони гиромиқадр.

Ҳамаи Шуморо бо Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон табрик намуда, барои ҳар яки Шумо саодати рӯзгорро таманно дорам.

Боиси зикр аст, ки заҳмати дастаҷамъонаи ҳар як сокини мамлакат барои рушди кишвар сарчашмаи зиндагии хуррамонаи ҳар нафари мо мебошад. Воқеан, меҳнатро шарафи инсонӣ мешуморанд ва меҳнати поквиҷдонона дар ҳамаи давру замон ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ қадр дорад ва дар баробари он подоши арзандаро молик аст. Аз ин рӯ ҷашн гирифтани Рӯзи якдилии меҳнаткашон ин арҷгузорӣ ба заҳмату кӯшишҳои инсони заҳматкаш мебошад, ки то бо рӯҳияи болидаву табъи хуш меҳнат кардан ҳамеша ҳамрадифи зиндагониаш бошад.

Имрӯзҳо мардуми заҳматкаши кишвар аз сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳояшон барои рӯз аз рӯз барои беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгор меҳнати бошарафона карда истодаанд. Пешвои миллат барои муҳайё кардани шароити шоистаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванд дастуру ҳидоятҳои мушаххас додаанд ва аҳли меҳнатро даъват намудаанд, ки баҳри боз ҳам пойдору мустаҳкам ва ободу зебо гардонидани давлати соҳибистиқлоламон, рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар аз ҳарвақта дида бештар меҳнати содиқона намоянд.

Боиси зикр аст, ки Иди байналмилалии меҳнаткашон барои кормандони Иттифоқҳои касаба ҳамчун иди меросӣ ҷиҳати хоси худро дорад ва дар ин рӯз муборакбод намудани меҳнаткашон ва қадршиносии онҳо аз вазифаҳои муҳими мо ба ҳисоб меравад.

Итминони комил дорам, ки кулли кормандон ва фаъолони Иттифоқҳои касабаи вилоят бо дӯстиву ҳамкории якдигарӣ барои ободиву гул-гулшукуфии мамлакати азизамон, ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави фаъолияти корӣ дар замони муосир меҳнати шоистаашонро дареғ намедоранд.

Бори дигар, ҳамкасбони азиз ҳамаи Шумоёнро бо фаро расидани Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 май самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, осмони софу беғубор, хонаободӣ, пирӯзиҳои зиндагӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон бурдбориҳои беназирро таманно менамоям.

Иди баҳору меҳнат, рӯзи ҳамраъйии меҳнаткашон – 1 май муборак бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *