МИЗИ МУДАВВАР БА МУНОСИБАТИ 28 АПРЕЛ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Санаи 28 апрели соли 2022 дар толори хурди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба муносибати 28 апрел-Рӯзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат миззи мудаввар баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Самизода Мусобек Самӣ зимни ифтитоҳи ҷамъомад зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони иттифоқи касаба таъкид намуданд, ки “Дар кишвари мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад”

Қурбонов А.-намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Аббосова М. – роҳбари дастгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баромад намуда табрикоти роҳбари Раёсати маорифи вилоят ва Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расониданд.

Ҳамзамон Амонов А. – раиси Кумитаи муттаҳидаи Донигоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оиди Рӯзи байналмилилии якдилии меҳнаткашон 1-май баромад намуд.

Сипас Ҳайдаров Давронҷон.-мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи корманадони маориф ва илми вилояти Суғд ба самъи иштирокдорон Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилми Тоҷикистон ба муносибати 28 апрел – рӯзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ироа намуд.

Дар охир иштирокчиёни мизи мудаввар, барои иштироки фаъол, бомуваффақият пеш бурдани кори иттифоқи касаба ва ба муносибати “28-апрел Рӯзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат” бо Сипосномаи Иттифоқи касабаи вилоятӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *