РАМЗИ ИҚБОЛУ ПИРӮЗӢ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Парчам дар масири таърих” баргузор гардид.

Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷамъомадро оғоз бахшида зикр дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ мебошад. Эҳтироми он аз суннатҳои қадимаи давлатдорӣ буда, арҷ гузоштан ба он эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихист. Ифтихор ва саодати бузургест, ки ҳамасола ин рӯзи фараҳбахш дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат, ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил мегардад.

Баъди соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами миллии худро соҳиб гардид ва 24-уми ноябр Рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд. Парчами миллӣ боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Сипас декани факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Исломҷон Раҳимов аз таърихи пайдоиши парчамдорӣ маърӯза намуда иброз дошт. ки Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишонаи шикасту маѓлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод аз Пешдодиён то Сосониён машҳур буд. Баъзе таърихнигорон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши Ковиёниро марбут ба парчами Коваи оҳангар донистанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархоста буд.

Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур Шарифулло Абдуллозода раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят иштирокдоронро бори дигар бо ин рӯзи таърихӣ муборакбод намуда, чорабиниро ҷамъбаст намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *