РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

24 ноябр – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣї ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тољик нақши муҳим дорад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, дар заминаи хушку холӣї ба миён наомада, аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Парчами Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пўшида нест, ки дар тањия ва пешниҳоди он олимон ва ањли фарҳанг назари худро пешниҳод карданд ва Парчами давлати тоҷик, ки имрўз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст,

бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар ҷумлаи оѓози ин Низомнома омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ду рамзи дигар, яъне Нишон ва Суруди миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рамз аст, рамзи давлатӣ аст.

Бояд гуфт, ки рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну мўҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишњои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрўз ба онњо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст. Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар Парчами давлатии мо акс ёфтаанд, мазмуни зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.

Парчами давлатї нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару халқ аст. Он ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрўз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифї менамояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда кулли кормандон, фаъолон ва аъзои иттифоқи касабаро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ рӯзгори обод, сарбаландиву некномӣ ва бурдбориҳои меҳнатиро таманно менамоям.

Шарифулло Абдуллозода,

раиси Шўрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *