Бахшида ба Рўзи Президент кормандони кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии вилоят дар бозорҳои “Ашроф”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ “Садбарг”, Ҷамъияти матлубот, Бозори марказии шаҳри Истаравшан ва дар ташкилоти Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштич чорабинӣ доир намуданд.

Сарраввал раиси Кумита Иномхўҷа Бузуруков ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрўз ба сўи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Ҳамчунин Иномхўҷа Бузуруков фаъолон ва собиқадоронро аз номи раиси Шўро Шарифулло Абдуллозода бо Рўзи Президент табрику муборакбод намуда, онҳоро бо тўҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ кард.

Инчунин намояндагони кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан чорабинӣ гузаронида, фаъолонро бо ифтихорнома ва тўҳфа қадрдонӣ намуданд.

Дар ин чорабинӣ низ корнамоиҳои Президенти мамлакат ёдовар гардида, зикр гардид, ки ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқи заҳматкаш рўз аз рўз зиёд гашта, шароитҳои беҳтарин дар ҳар як корхонаҳо фароҳам оварда шудааст.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *