Баргузории Пленуми Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ

Дирӯз дар толори хурди Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми навбатии Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ бо иштироки аъзоёни Пленум, раисони иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони Кумита баргузор гардид. Дар Пленум се масъала: “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ”, “Ворид намудани тағйиру илова ба ҳайати Пленуми Кумитаи ивлоятии иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ” ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардид.

Пленумро Шарифулло Абдуллозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи Пленум шинос намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Самъиддин Бобоев-нозири меҳнати Кумитаи соҳавӣ маърӯза кард. Дар маърӯза паҳлуҳои фаъолияти кумитаҳои иттифоқҳои касаба бо бурду бохташ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пас аз маърӯза раиси Шӯрои Иттифоқҳои касаба Шарифулло Абдуллозода тариқи саволу ҷавоб бо чанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар шахсони масъул оиди фаъолият ва норасогиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал овард ва дастуроти хешро дар ҳаллу фасли масъалаҳо иброз кард.

Ҳамчунин оиди пурзӯр намудани фаъолият дар самти таъмини бехатирии меҳнат дар ҷои кор,  таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии кормандон, ҳамчунин оиди эҳёи ташкилотҳои нав дар корхонаҳое, ки иттифоқи касаба надоранд, пешниҳодҳои ҷолиб баён намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм Абдумубин Исоев баромад намуда оиди ворид намудани тағйиру илова ба ҳайати Пленуми Кумита суханронӣ кард.

Аз рӯи дигар масъалаҳо Шарифулло Абдуллозода сухан карда дар охир қайд намуд, ки аз сабаби ба кори дигар гузаштани Исоев Абдумубин Аскарович-раиси Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ Раҳимов Расул Бобоҷонович ба вазифаи раиси Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ интихоб карда шавад.

Дар Пленум чанд нафар фикру андешаҳои худро баён карданд ва Пленум оид ба масъалаҳои баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *