Бозомузӣ – гарави муваффақиятҳо

Имрӯзҳо Иттифоқҳои касабаи вилоят ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад. Бояд қайд намуд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии онҳо хизмат мерасонад.

Ин ташкилоти меҳнатӣ дар кишвар новобаста аз мавҷудияташ, яъне шуруъ аз солҳои иттифоқи шӯравӣ, ки дар он вақтҳо мавқеи боз ҳам намоёнро соҳиб буд, имрӯз низ, яъне баъди солҳои пасошӯравӣ, дар солҳои таърихи навини тоҷикон новобаста аз шароитҳои сиёсию иқтисодӣ фаъолияти худро пеш бурда истодааст.

Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ фаъолияти Иттифоқҳои касаба муддате суст гардид, ки ин омил албатта, таъсири манфии худро расонида буд. Вале бо вуҷуди мушкилоту норасоиҳои мавҷуда ташкилот дар мавқеи худ устувор боқӣ монда, тӯли ин солҳо ҳамеша кӯшиш мекард, дастгири аҳли ҷомеаи меҳнатӣ бошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Иттифоқҳои касаба рисолати таърихии хешро иҷро намуда, ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ӯ тавҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 24 октябри соли 2019 баргузор шуд, саҳифаи наверо барои кормандони Иттифоқҳои касаба боз кард. Зеро дар таърихи иттифоқҳои касабаи кишварамон мулоқоти бевоситаи Роҳбари Олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бори аввал баргузор шуд. Аз он вохӯрии таърихӣ, ки дар хотири ҳар нафар аъзои иттифоқи касаба нақш бастааст марҳилаи нави рушди ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ оғоз гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои муҳими фаъолияти Иттифоқҳои касабаи кишвар сухан рафт.

Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ Иттифоқҳои касабаро ҳамчун ташкилоти бонуфузи оммавӣ вазифадор намуданд, ки рисолати хешро дар асоси принсипҳо ва арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, татбиқи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд ба роҳ монда бошад.

Бояд иброз намуд, ки баргузории мулоқот ва дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилоят такони бузурге бахшид. Аз он вохӯрӣ то имрӯз барои дар сатҳи зарурӣ ба амал баровардани сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, инчунин ҳифзи иҷтимоии онҳо тадбирҳои назаррас роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон нақши Иттифоқҳои касаба хеле назар мебошад. Вобаста ба фаъолияти ҳамарӯзаи Иттифоқҳои касаба ва баҳри дар амал пурра татбиқ кардани ҳадафҳои оинномавӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Имрӯз иттифоқҳои касаба дар асоси имкониятҳои нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамоянд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Иттифоқҳои касабаи вилоят ин амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти риоя ва иҷрои талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аҳли оилаи онҳо, бархурдор гардидани кормандон аз ваколатҳои иҷтимоӣ, ки онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мебошад.

Вобаста ба ин Иттифоқҳои касабаи вилоят тибқи иҷрои муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҷамъиятиро оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои вилоят ба роҳ монда, барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоии  коргарон мунтазам тадбирҳо меандешад.

Имрӯз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят 13 кумитаҳои соҳавии вилоятӣ, 2783 ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва 240783 нафар аъзоёнро муттаҳид менамояд.

Дар Иттифоқҳои касабаи вилоят ва ташкилотҳои ҳамузви он 176 нафар нозирони ҳифзи меҳнат ва 95 нафар нозирони ҳифзи ҳуқуқ фаъолият мебаранд. Масъулони соҳа дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва муқарароти  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар самти «Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат» бо истифода аз ваколатҳои худ корҳои муайянро амалӣ менамоянд. Пеш аз ҳама дар самти риояи қатъии талаботи бехатарии меҳнат дар коргоҳҳо, ба вуҷуд овардани вазъи принсипнокӣ ва тоқатнопазирӣ ба ҳодисаҳои нохуш ва касалиҳои касбӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани муносибатҳои меҳнатӣ, ташкили бехатарии меҳнат ва назорат оиди бехатарии меҳнат дар ҳамаи ташкилоту муассиса ва корхонахои вилоят шахсони масъул фаъолият мебаранд. Шумораи ин гуна кормандан танҳо дар ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки иттифоқи касаба дар он ташкил шудааст, наздик ҳашт ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Тибқи талаботи моддаи 350-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-иҷозати кор додан ба шахсоне, ки тайёрии зарурии касбӣ надоранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида аз таълим ва аттестатсия оид ба ҳифзи меҳнат нагузаштаанд, манъ аст;

-маъмурияти ташкилот уҳдадор аст, ки оид ба ҳифзи меҳнат ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон низоми омӯзиши мунтазамро ташкил намояд”;

-роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд.

Локин мутаассифона дар ҷумҳурӣ курси такмили ихтисос оид ба омӯзиши ҳифзи меҳнат мавҷуд набуд.

Аз ин лиҳоз тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баён доштанд барои ташкили бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касаба ва масъулони ҳифзи меҳнат маркази такмили иҳтисос таъсис дода шуд. Маркази бозомӯзӣ дар бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷойгир буда, барои ташкили курсҳи доимоамалкунадаи такмили ихтисос бино ва утоқҳои дарсӣ ба тамоми таҷҳизоташ омода карда шудааст. Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолиятӣ таълимӣ гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси додани курси бозомӯзӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сатҳи дониши кормандон ва малакаи касбии онҳо мебошад.

Дар марказ имконияти дар як баст барои 80 нафар ташкил намудани бозомӯзии кормандони иттифоқҳои касабаи кишвар мавҷуд мебошад. Ҳамчунин омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мактабҳои олии вилоят ва мутахассисони баландихтисос даъват шудаанд ва ба омӯзандагон дарс медиҳанд. Баъди итмоми курси омӯзишӣ Шаҳодатнома супорида мешавад. Бинобар ин Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят омодааст бо истифода аз роҳҳои муосири таълим барои бозомӯзии кормандони масъули ташкилоту муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият мусоидат намояд.

Ба диққати тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва тамоми кормандони масъули Иттифоқҳои касаба расонида мешавад, ки тибқи муқарароти моддаи 350-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи таълимии тасдиқгардида дониши худро баланд намуда, барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон саҳм гузоранд.

Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, хиёбони Исмоили Сомонӣ 42 муроҷиат намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ ба телефонҳои 6-00-41, 6-54-34 ва 6-17-80 занг занед.

Шарифулло Абдуллозода
раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *