РАЁСАТИ ШӮРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Дирӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Раёсати Шӯро баргузор гардид. Дар он аъзоёни Раёсат ва кормандони масъули Шӯро иштирок доштанд. Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода Раёсатро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи Раёсат шинос намуд.

Дар оғоз раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят лоиҳаи қарори Нақшаи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои нимсолаи аввали соли 2021-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Мавсуф зикр намуд, ки лоиҳаи қарор дар асоси Нақшаи кори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва таклифу пешниҳодҳои Шумоён-раисони кумитаҳо омода гардидааст, баъди ба овозгузорӣ аз ҷониби аъзоёни Раёсат пазируфта шуд.

Хамчунин дар чаласаи мазкур масъалаҳои тасдиқи буҷети Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои соли 2021, масъалаи даъвати Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баррасӣ гардида, вобаста ба  масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охир аъзоёни Раёсат фармоишотҳои раиси Шӯро, ки дар нимсолаи дуюми соли 2020 ба имзо расида  буд, тасдиқ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *