Баргузории Раёсат ва Пленуми Кумитаи вилоятӣ

Санаи 29 – уми декабри соли равон дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Раёсати Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси Кумита Фотимахон Қодирова масъалаҳои рӯзномаро ба самъи аъзои Раёсат расонид. Қайд гардид, ки соли 2020 рафти бастани шартномаҳои коллективӣ дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои вилоят дида баромада шуда, ҳамзамон риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Қодирова Ф.С. ба раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкор гардида, сари вақт бартараф карда шаванд. Сипас, нақшаи корӣ барои соли 2021 муҳокима ва тасдиқ гардид. Инчунин қарорҳои Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мавриди роҳбарӣ ва иҷро гирифта шуд.

Баъдан Пленуми кумитаи вилоятӣ ҷараён гирифт. Дар кори он муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Обидзода Нуъмон Юлдошӣ иштирок ва баромад намуд. Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фотимахон Қодирова барои соли 2020 шунида шуд.

Сипас, аъзои раёсат, собиқ намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нодирҷон Солиҷонов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Зафаробод баромад намуда, аз фаъолияти назарраси кори кумитаҳои ноҳиявӣ маълумот доданд. Пас аз он вазифагузориҳо барои соли оянда ва қарорҳо тасдиқ карда шуданд.

Ҳамчунин аз тарафи аъзои  раёсати кумитаи вилоятӣ Нодирҷон Солиҷонов китоб бо номи “Ҷомеаи дарҳои кушод” ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, муаррифӣ карда шуда ба ҳамаи иштирокдорон китоби мазкур тақдим карда шуд.

Дар охир ба чанд нафар кормандони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва софдилона, хизмати шоёну арзанда дар пешбурди соҳа бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷумҳуриявии соҳавӣ ва кумитаи вилоятии соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бо ҳамин Пленум ба кори худ анҷом бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *