Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба муносибати Соли нави милодӣ

Ҳамаи Шумоёнро ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2021 самимона шодбош гуфта, ба хонаводаи ҳар як фарди меҳнатқарини кишвари маҳбубамон оромиву осоиш, файзу  баракат, ҳамдигарфаҳмиву рафоқатро таманно менамоям.

Соли 2020-уми мелодӣ, баробари ҳамаи мушкилоту ноҳамвоиҳои худаш, ки барои аҳли ҷаҳон эҷод кард, барои мардуми кишвари азизамон, аз ҷумла аъзоёни Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҳамчун соли талошу такопӯй, хизмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон ба ҳисоб меравад. Махсусан имсол мардуми кишвар дар оғози сол ҳайати нави Маҷлиси Олӣ ва дар поёни он Президенти Тоҷикистонро дар фазои сулҳу осоиш ва саодатмандиву фараҳмандӣ интихоб намуд.

Дар ин сол барои аъзои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, кумитаҳои шаҳриву ноҳиявӣ низ соли бобарор буд, ки ба як қатор муваффақиятҳои баланд ноил гардида, мавқеи боз ҳам назаррас ва шоистаро дар ҷомеа соҳиб шуданд.

Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамбаста бо ислоҳоти фарогиру пурсамар пеш меравад ва рисолати шарафбори худро дар сатҳи баланд иҷро менамояд. Махсусан, солҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба доранд ва дар ин ҷашни фараҳбахши дар пешистода саҳми фаъолияти иттифоқҳои касаба, аз ҷумла Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд низ мақоми махсус дорад ва ба ин, пеш аз ҳама рушди бештари созандагӣ дар мамлакат мусоидат кардааст.

Иттифоқҳои касабаи вилоят ба ҳайси шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати вилоят фаъолияти самарабахшро идома бахшида дар пешрафти рӯзгори мардум саҳми худро мегузорад. Аз ибтидои сол фаъолияти намояндагони ин ҳаракати ҷамъиятӣ барои боло бурдани нуфуз ва эътибори ташкилот дар роҳи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳниву фарҳангии меҳнаткашон равона карда шуд. Фаъолони ин ҳаракат барои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, эътибори арзишҳои фарҳангу ҳуввияти миллӣ дар вилоят саҳми сазовор гузоштанд.

Айни замон ҳар як аъзои Иттифоқҳои касаба дар баробари сокинони саодатманди кишвари азизамон барои татбиқи чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурҷабҳаву босамар доранд.

Ҳар як аъзои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят имрӯз бо сарбаландиву сарфарозӣ бар он мекӯшад, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғӯши сулҳу ваҳдат бимонаду Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад ва ҳамбастагиву таваҷҷуҳи сокинонаш ҳарчӣ бештар гардад. Аз ин рӯ дар соли 2021 нақшаю ниятҳои хуб дорем ва барои амалӣ шудани онҳо пайгирона амал хоҳем кард.

Бори дигар Шумоён-кулли ҳамватанони азиз, бахусус аъзои иттифоқҳои касабаи вилоят ва аҳли оилаи онҳоро ба муносибати фаро расидани Соли нави милодии 2021 самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ, файзу баракат, рӯзгори орому осуда ва дастовардҳои нав ба нав орзумандам.

Таманнои онро дорам, ки Соли нав барои мардуми кишвар соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардад ва диёри моро ҳамеша шодмониву шодкомӣ раҳнамоӣ кунад.

Бигзор Тоҷикистони азиз бо сарварии Пешвои муаззами миллат гул-гул шукуфон бошад.

Соли нави милодӣ муборак!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *