РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РӮЗИ ХАЛҚ

Дар толори калони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд  бо иштироки кормандони дастгоҳ ва кумитаҳои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш доир гардид.

Сараввал намоиши филми кӯтоҳмуддат бо номи “Президенти мо-ифтихори мо” намоиш дода шуд.

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки “бахти баланди сокинони мамлакат буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рисолату вазифаи пурмасъулро маҳз дар давраи ниҳоят ҳассоси кишвар, бар дӯш гирифтанд ва имрӯз Ватанро ба гулистони бехазон табдил доданд.

Ҷаҳду талошҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат тӯли 28 соли  сарварӣ баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз Ватани маҳбуби моро ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва рушдёбанда ва аз ҷиҳати амн бехатар мешиносанду арҷ мегузоранд. Хушбахтона мардуми соҳибхиради тоҷик заҳматҳои Пешвои миллатро бо чашми сар дида истодаанд ва дар атрофашон бо эътиқоду, эътимоду боварӣ сарҷамъ буда, бо муҳаббати самимӣ дӯст медоранд. Номзадии Пешвои миллатро 90,92 фисад ҷонибдорӣ намудани интихобкунадагон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 11 октябри соли равон ифодагари меҳру садоқати халқи шарифи кишвар нисбат ба  Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.” Шарифулло Абдулло Рӯзи Президентро Рӯзи халқ номид ва ин идро ҷашни ҳамагонӣ арзёбӣ кард..

Сипас номзади илмҳои филология Саидов Саидумрон дар бораи Президент ва масъалаи худшиносии миллӣ аз назари он кас изҳори назар намуд. Мавсуф дар бораи китобҳои Пешвои миллат “Забони миллат- ҳастии миллат” ва “Чеҳраҳои мондагор”  маълумот дода муҳимтарин матлабҳои ин ду асари беназирро тавзеҳ дод.  Аз ҷумла дар китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор”-ро аз асарҳои пурарзиш дар таърихнигории муосир арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки китоби мазкур агар аз як ҷониб саҳифаи тозаи омӯзиши таърихи миллат ва фарзандони фарзонаву далер ва фидокорашро ифтитоҳ бахшад аз ҷониби дигар такони бузургеро дар такомули эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандории мардум, хоса ҷавонон ба вуҷуд овард. Китоб ҳадяи маънавии Пешвои миллат буда бори дигар аз эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг – такягоҳи устувори миллат дарак медиҳад.

Дар ҷамъбаст як суруди умумии донишҷӯён дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *