ҶАМЪБАСТИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ФАЪОЛОНИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

Рӯзи гузашта семинари омӯзишӣ, ки дар доираи лоиҳаи консортсиум бо мусоидаи Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони иттифоқи касаба дар истироҳатгоҳи Шоҳин-и шаҳри Гулистон ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Ба ҳамаи иштирокчиёни семинари омӯзишӣ аз ҷониби Қурбонов М.-мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, Раҳимов Қ.- сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ ва Мироватов М.С – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, ба фаъолони иттифоқи касаба ҷиҳати бо муваффақ гузаштани курс сертификат супорида шуд.

Тавре иттилоъ дода будем, давоми се рӯз санаҳои 10-13 ноябри соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ барои 20 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ташкил гардида буд. Иштирокдорони семинар мавзӯҳои муҳимро аз қабили тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ, гуфтушуниди дуҷониба ва сеҷониба, ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба, баррасии мушкилотҳои мавҷуда дар сатҳи зарурӣ, таҳлил ва муайян кардани мушкилот ва роҳҳои ҳалли он, таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар сатҳи дахлдор, тарзи таҳлил, татбиқ ва мониторинги нақша – чорабиниҳои таҳиягардида, банақшагирии фаъолият дар сатҳи минтақавӣ, шаҳр, ноҳия ва муассисаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Семинари мазкурро Нозакова З.-мудири шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ, Қурбонов М.-мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, Раҳимов Қ.-сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ ба фаъолони иттифоқи касаба роҳандозӣ намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *