КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Аъзоёну фаъолони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд хуб дарк менамояд, ки ба шарофати қабули Конститутсия ва амалӣ намудани он дар ҷомеа сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ қутбномае гардид, ки дар заминаи он тоҷикон ба марҳилаи нави зиндагӣ – бунёдкориву созандагии Ватани азизу аҷдодиамон рӯ оварданд. Қабул ва зарурати ҳуҷҷати тақдирсози миллиро кулли кормандон ва фаъолони иттифоқи касаба ҳамаҷониба пазируфта кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки вазифаҳои оиномавии худро нисбати ҳимояи манфиатҳои аҳли меҳнат, ки сарчашмаи онҳо аз Конститутсия бармеояд, таъмин намояд.

Дар партави гуфтаҳои боло санаи 5 ноябри соли 2020 дар толори калони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба муносибати 26-солагии таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Мухбира Аббосова ва намояндаи Раёсати маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов иштирок ва баромад намуданд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мӯсобек Мироватов оғоз намуда, ҳозиринро бо ҷашни 26-умин солгарди қабули Конститутсия табрику муборакбод намуд. Қайд гардид, ки “Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро меандешад, ки барои шаҳрвандон шароити шоистаи зиндагиро муҳайё намояд”. Роҳбари  дастгоҳи раиси Шӯрои ититифоқҳои касабаи вилоят Мухбира Аббосова ва намояндаи Раёсати маорифи вилоят Қурбонов Абдураҳим бо маърузаҳои пурмуҳтавои худ вобаста ба пайдоиш, аҳамият ва нақши Конститутсия баромад намуданд. Инчунин дар чорабинӣ 15 нафар фаъолон, ки дар болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми назаррас доранд, бо Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир Мӯсобек Мироватов ба ҳамаи аъзоёни иттифоқи касабаи маорифи вилоят ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар чорабинии сиёсии Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *