Паёми табрикии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6-уми ноябр рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин ид барои ҳар як нафар сокини кишвар азизу мукаррам аст.

Бо камоли эҳтирому самимияти афзун ҳамаи ҳамдиёрон, кормандон ва фаъолони Иттифоқҳои касабаи вилоятро бо ин иди бузург яъне Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дароз, бахту саодати бегазандро таманно менамоям.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми басо мураккаби ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат қабул гардида, барои тақвият пазируфтани рукнҳои давлатдорӣ ва такмилу устуворшавии низоми қонунгузорӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ таъкид намудаанд: «Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво­рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат­парвар мебошад».

Воқеан ҳам, Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам овард.

Имрӯзҳо дар радифи ҳамватанон кормандони Иттифоқҳои касаба низ корҳои бунёдкоронаву созандагиро ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ амалӣ карда истодаанд.

Воқеан мо бояд ҳамчун ватандору ватандӯст дар партави нишондоди Пешвои миллат, Ҳукумати Тоҷикистон дар канори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар замири худ эҳсоси наҷиби Конститутсияро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намоем. Зеро иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон ба ҳайси як ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамеша барои сулҳу осоиштагӣ, ягонагӣ ва ҳамраъйии аҳли меҳнат дар кишвар саҳми назаррас дорад.

Бори дигар ҳамаи ҳамкорони арҷмандро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, хоҳони он ҳастам, ки ҳаёти ҳамаи Шумоён ҳамеша рангину ботароват, пурфайзу бобаракат бошад.

Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, дӯстони азиз!

Шарифулло АБДУЛЛОЗОДА,

раиси Шӯрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *