Маслиҳатҳои муфид ба ташкилотҳои ибтидоӣ

Дар асоси нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд гуруҳи корӣ дар ҳайати Тӯраев Б.А. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи меҳнати Шӯро, Ҳайдаров Д.К.-сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузорӣ, Ҳомидов Ҳ.С. – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи меҳнат ва Сайфиддинов Ф.Ф. – мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Шӯро бо мақсади расонидани ёрии амалии методӣ аз ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи Мактаби варзишии бачагону наврасони №2 ва Мактаби варзишии бачагону наврасони №3 дидан намуд.

Ба ташкилотҳои номбаршуда масъулин вобаста ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 №34 «Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чораҳои солимгардонию пешгирикунанда», «Дар бораи Номгӯйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории давомнок» аз 27.04.2018, №197 ва «Дар бораи тасдиқи тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон» аз 12.04.1999, №154 ёрии амалӣ расониданд.

Дар рафти омӯзиш маълум гардид, ки дар ташкилотҳои мазкур дар асосси мактуби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.06.2020., №3/09-432 аз ҳисоби маблағҳои 1,4% барои пешгирии бемории сирояти коронавирус Covid-19 маҳлулҳои безараргардонӣ, ба монанди антисептик, гидрохлорид, ниқобҳои тиббӣ  барои беҳдошти ҳолати санитарӣ-гигиении кормандон ва хонандагони муассиса харидорӣ карда шудааст.

Ҳамчунин оид ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат» дар муасиссаҳои мазкур  корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Инчунин тибқи талаботи моддаи 350 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо ва кормандони масъули ҳифзи меҳнат тавсияҳо дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *