ПЕШВОИ МО-РАҲНАМОИ МО!

Ёдовар мегардем, ки санаи 24 – уми октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мулоқот намуда буданд.

Дар вохӯрии мазкур, ки бори аввал бо намояндагони иттифоқҳои касаба баргузор гардида буд, Пешвои муаззами миллат ин ташкилоти бонуфузро вазифадор намуданд, ки рисолати хешро дар асоси принсипҳо ва арзишҳои миллӣ ва бо ин васила, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, татбиқи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд ба роҳ монда бошад.

Сарвари давлат дар мулоқот доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сухан карда, гуфта буданд, ки фаъолияти ин иттиҳод бояд бо дарназардошти имкониятҳои нав ва равандҳои муосири иқтисодӣ таҷдиди назар карда шавад.

Бояд иброз намуд, ки баргузории мулоқот ва дастурҳои Пешвои муаззами миллат дар фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилоят такони бузурге бахшид. Аз он вохӯрӣ то имрӯз барои дар сатҳи зарурӣ ба амал баровардани сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, инчунин ҳифзи иҷтимоии онҳо тадбирҳои назаррас роҳандозӣ шуда истодаанд. Минбаъд низ ин тадбирҳо амалӣ мегарданд.

Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо нақши иттифоқҳои касаба хеле калон аст. Вобаста ба фаъолияти ҳамарӯзаи иттифоқҳои касаба ва баҳри дар амал пурра татбиқ кардани кори ин сохтор семинар – машваратҳо гузаронида мешаванд, ки иттифоқҳои касаба дар асоси имкониятҳои нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамоянд.

Ҳамчунин баҳри пешрафти соҳа пленумҳои ғайринавбатии кумитаҳои иттифоқи касабаи вилоятӣ баргузор гардида, конференсияҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ барпо карда шуданд. Бояд гуфт, ки пас аз вохурӣ фаъолияти соҳаҳои гуногуни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят боз ҳам ривоҷ гирифта, сатҳи хизматрасонӣ беҳтару болотар шуда истодааст. Аз ҷумла дар ин муддат корбариро дар самти тарғиби ҳаракати иттифоқҳои касаба, моҳияти иттифоқи касаба, мавқеи он дар таҳкими ҷомеи шаҳрвандӣ дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷоннок намуд. Инчунин ҷиҳати афзун намудани сафи аъзо, ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сектори хусусиву соҳибкорони инфиродӣ ба иттифоқҳои касаба, ҳамзамон густариши шарикии иҷтимоӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ дар корхонаву ташкилотҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 46 ташкилотҳои ибтидоӣ бо 1145 нафар теъдоди аъзоёни иттифоқҳои касаба зиёд гардид.

Дар ташкилотҳои ҳамузви иттифоқҳои касабаи вилоят доир ба амали намудани “Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020»,  “Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020” ва 6 адад созишномаҳои соҳавии вилоятӣ тадбирҳо андешида шуда истодаанд. Инчунин дар ташкилоту муассисаҳои вилоят 3913 адад шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонида шуда, айни ҳол мавриди амал қарор дорад, ки он 96,1 фоизи  корхона ва муассисаҳои вилоятро новобаста аз шакли моликият ташкил медиҳад. Масъалаи назорати иҷрои созишнома, бастани шартномаҳои коллективӣ ва тадбиқи он дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон зери таваҷҷуҳи доимии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд қарор дорад.

Ҳамчунин тибқи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 баён доштанд, дар назди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони иттифоқҳои касаба ташкил карда шуд. Вобаста ба ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуда, айни замон кормандони ташкилоту муасиссаҳо давра ба давра ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Баланд бардоштани сатҳи фаъолият ва хизматрасонӣ дар кумитаҳои иттифоқи касаба самти дигари фаъолият маҳсуб меёбад. Иттифоқҳои касаба дар фаъолияти ҳамарӯза назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият амалӣ менамоянд.

Мусаллам аст, ки соли ҷорӣ паҳншавии бемории коронавирус ҷаҳонро, аз ҷумла мардуми осоиштаи кишвари моро низ ба ташвиш андохт. Дар сатҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар Иттифоқҳои касабаи вилоят вобаста ба паҳншавии бемории мазкур ситоди доимамалкунанда фаъолият дошта, аз рӯи нақшаи хоса амал карда, дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Кормандони Шӯро, кумитаҳои соҳавӣ ва фаъолони иттифоқҳои касабаи вилоят музди меҳнати якрӯзаи худро барои дастгирии кормандони соҳаи тиб ва пешгирии ин бемории марговар ирсол намудаанд.

Чӣ хеле, ки  ҳамагон огоҳи доранд, дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Вобаста ба ин рӯзи 26 – уми августи соли ҷорӣ Анҷумани ҶҶII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат баргузор гардида буд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи кишвар матраҳ гардида, аз ҷумла, масъалаи интихоб ва пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва хулосабарорӣ қарор гирифта буд. Дар анҷуман аввалин шуда аз ҷониби аъзои Иттифоқҳои касаба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуда буданд,

Фаъолони иттифоқҳои касабаи вилоят доир ба муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва  корхонаву муассисаҳои  вилоят даҳҳо вохӯриву мулоқот баргузор намуданд. Хушбахтона сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буд, ки аз тарафи кулли мардуми Тоҷикистон номзадии ин шахси арзанда дастгирӣ ёфт ва имрӯз ғолибият насиби Пешвои муаззами миллат гардид.

Минбаъд низ масъулон ва фаъолони Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти амалӣ намудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳайё намудани зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии коргарон фаъолияти худро густариш дода, дар ҳама маврид дастгиру ёвари халқи азиз ва Ватани ҷоноҷонамон – Тоҷикистон бошад.

Шарифулло Абдуллозода,

раиси Шӯрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *