АЁДАТИ ФАРЗАНДОНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ “АСОИ САФЕД”

Аз ҷониби давлату ҳукумат ва хоса раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи нобиноён пайваста ғамхорӣ карда мешавад.

Тибқи Қарори Раиси вилояти Суғд аз 8-уми октябри соли ҷорӣ, №304 “Дар бораи таҷлили Рӯзи Асои сафед”дар идораву корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон бояд аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, нобиноёнро бо кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд. Бо ин мақсад санаи 14 октябр Мӯсобек Мироватов – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд як гурӯҳ омӯзгорону кормандони соҳаи маорифро, ки фарзанди нобино доранд, аёдат намуда, ба онҳо кӯмаки молиявӣ расонид.

Дар рафти суҳбат қайд гардид, ки нобиноён бояд ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа пазируфта шаванд. Зеро дар ҳоли тарбиятпазирӣ ва таълимгирии махсус онҳо нерӯи кориашонро ба манфиати ҷомеа ва худ истифода бурда метавонанд. Аз ҷониби раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо аёдати фарзандони омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, ки маъюбони гурӯҳи 1 аз рӯи нобиноӣ доранд, идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рӯзи нобиноён – рӯзи «Асои сафед» таҷлил карда мешавад. “Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15 октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён таҷлил гардид. Соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15 октябрро расман ҳамчун рузи “Асои сафед” эълон намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *