РАЁСАТИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Дирӯз дар асоси нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормнадони маориф ва илми вилоят Раёсати сеюм бо шаш масъала ва масъалаҳои ҷорӣ, дар маҷлисгоҳи хурди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Нахуст Раиси Раёсат Мӯсобек Мироватов ҳозиринро бо рӯзномаи Раёсат шинос намуда, диққати асосиро оид ба фаъолияти якҷояи КИК ва шӯъбаи маорифи ноҳияҳои Айнӣ, Б.Ғафуров ва Шаҳристон равона намуд. Қайд гардид, ки дар ин давра фаъолияти Кумитаҳои иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ беҳтар гардидааст. Аммо бо вуҷуди ин, камбудиҳо дар фаъолияташон дида мешаванд, ки исолоҳи онҳо ба манфиати кор хоҳад буд.  Аз ҷумла ба масъалаи пешбурди дафтарчаҳои меҳнатии кормандон дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.04.1999 сол № 154 бояд аҳамияти махсус зоҳир карда шавад.

Аз ҷониби аъзоёни раёсат пас аз муҳокима лоиҳаҳои Қарор тасдиқ карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *