Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.”

Бо мақсади қадрдони ба заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон, имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии калони идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони моариф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ва Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони моариф ва илми вилоят Мӯсобек Мироватов иштирок ва баромад намуданд. Сарраввал Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ табрикоти Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгорон раҳнамои соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа буда, тарғибгари бунёдкориву созандагӣ ба шумор мераванд.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони моарифи вилоят Мӯсобек Мироватов зимни табрикоти худ қайд намуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти дастгирии омӯзгорону хонандагони фаъол яқ қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Ҳамасола садҳо омӯзгорону хонандагони вилоят аз ин имтиёзҳо бархӯрдор мегарданд. Хурсандиовараст, ки музди меҳнати омӯзгорон давра ба давра зиёд гардида, шароити иҷтимоиву иқтисодиашон беҳтар гардида истодааст. Худи ҳамин сол 15% зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон далели гуфтаҳои болост.

Дар чорабинӣ ба зиёда аз 120 нафар омӯзгорони фаъол ва 25 нафар собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд Раҷаббай Аҳмадзода ва Ифтихорномаву Сипосномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилоят супорида шуданд.

Дар охир Мӯсобек Мироватов миннатдории аҳли илму маорифро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати дастгириҳои пайвастаашон дар самти дастгирии омӯзгорону кормандони маориф расонид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *