Интихобот ва истиқлолият

Интихобот чун маъракаи муҳими сиёсӣ барои тарғибу ташвиқи номзади арзанда баргузор гардида, интихоби ҳар нафари ватандӯсту соҳибмаърифатро аз нигоҳи хеш бозгӯ менамояд.

Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо Тоҷикистони азиз низ дар арафаи интихоботи президентӣ қарор дорад ва мардум бо як руҳияи баланд ба интихоботи навбатии қарибулвуқуъ омодагии ҳамаҷониба доранд. Чӣ хеле маълум аст рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Вобаста ба интихоботи мазкур дар ҳамаи манотиқи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, омодагӣ дар сатҳи хуб ҷараён дорад.

Имрӯзҳо аз ҷониби созмону ташкилотҳои ҳизбӣ, корхонаҳо доир ба пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардида истодаанд.

Рӯзи 26 — уми августи соли ҷорӣ Анҷумани XXII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат баргузор гардид. Дар Анҷуман масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи кишвар матраҳ гардида, аз ҷумла масъалаи интихоб ва пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва хулосабарорӣ қарор гирифт. Дар Анҷуман аз ҷониби аъзои Иттифоқҳои касаба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд.

Дар заминаи Қонун дар бораи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Анҷуман корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар қаламрави Ҷумҳурӣ оғоз ёфт, ки дар ин самт гурӯҳи ташаббускори Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти худро оғоз намудаанд. Аз ҷумла, дар заминаи нақшаи тасдиқгардида санаи 24 –уми сентябри соли ҷорӣ дар толори бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд вохӯрии аъзои иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ситоди ҷумҳуриявӣ: ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзизода Исмоил Нарзӣ — раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шарифзода Аминҷон муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Сараввал Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд меҳмононро муаррифӣ намуда, ҳадафи баргузории вохӯриро баён кард. Ӯ гуфт, ки дар Анҷумани ҶҶII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дастгирии худро ёфт. Ин пешниҳоди мо аз ҷониби сокинони кишвар хуш пазируфта шуд ва мо итминони комил дорем, ки Пешвои миллат бори дигар ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд.

Сипас Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод.

Файзизода Исмоил Нарзӣ — раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сухан ронда, қайд намуд, ки воқеан пешбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кулли аъзои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба пуррагӣ дастгирӣ ёфта, нисбати сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ ҷонибдор ҳастанд. Воқеан пешбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маънии онро дорад, ки мо иттифоқчиён бори дигар барои пойдории сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдат, худшиносӣ, ватанпарастӣ ва саодати миллати соҳибфарҳанг овоз медиҳем.

Ҳамчунин Шарифзода Аминҷон — муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд нисбати дастовардҳои истиқлолият сухан ронда, таъкид кард, ки нисбати интихоби шахси арзанда фаъол бошем.

Дар охир Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон – раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба меҳмонон барои ташрифашон миннатдорӣ баён намуда, ҳамаи аъзои иттифоқи касаба ва меҳнаткашонро даъват намуд, ки аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда ба тарафдории номзади интихобнамудаи иттифоқҳои касаба- Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки номзадии арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президентӣ ба ғайр аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, инчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.

Вобаста ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ пурзӯр карда шудааст, то ҳар як шаҳрванд номзади арзандаи худро интихоб карда тавонад. Иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ зарур ва овози ҳар нафари онҳо ҳалкунанда аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *