Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд  ба муносибати Иди саиди Қурбон

Ҳамкасбони азиз!

Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Боиси хурсандӣ ва масаррат аст, ки дар партави сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо истиқлолият ва сулҳу субот пойдор буда, сокинони Ватани паҳноварамон дар ҳамаи арсаҳо содиқона заҳмат кашида, саъй доранд, ки Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд, анъанаву суннатҳои неки милливу мазҳабиамонро гиромӣ доранд, онҳоро пайваста такмил диҳанд ва ин сарвати бузурги маънавиро барои тарбияи наслҳои созандаи халқамон, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ истифода намоянд.

Имрӯз кормандони соҳаи мо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар дар радифи кулли мардуми Ватан фарҳанги миллии худро, ки арзишҳои исломӣ ҷузъи он мебошанд, ҳимоя менамоянд ва онҳоро барои манфиатҳои ҷомеъаву давлатамон сафарбар месозанд. Мардум бо шарофати истиқлолияти том дар кишвар ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот иди Қурбон ва дигар маросиму суннатҳои эътиқодии худро озодона адо менамоянд. Муҳимтар аз ҳама имрӯз дар мамлакат Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо дарназардошти фикру дархостҳои мардуми кишвар ва бо ташаббуси қонунгузории Роҳбари давлат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, амал мекунад ва амал кардан аз рӯи он қарзи шаҳрвандии мо мебошад. Ин Қонун зимнан барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан оилаҳои камбизоат муҳим буда, ба онҳо дар зиндагиву рӯзгордориашон ва ҳангоми гузаронидани маросиму маъракаҳо сабукиҳои зиёд меоранд ва пеши роҳи исрофкориву зиёдаравиро мегиранд.

Воқеан вобаста ба шароити эпидемиологии кишвар ва тамоми ҷаҳон мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат гузаронем.

Дар рӯзи Иди Қурбон ба зиёдаравӣ роҳ надодан, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намудан қарзи шаҳрвандии мост.

Мо аъзоёни Иттифоқҳои касаба бояд ин масъаларо ба мардум возеҳу равшан фаҳмонем ва нагузорем, ки мардум ба сарфу хароҷоти беҳуда машғул гардад.

Воқеан шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост.

Бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи Шумо, ҳамкасбони азиз табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тани сиҳат, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.

Ид муборак бошад, дӯстони азиз!

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *