Шанбегӣ дар Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

Санаи 25 июли соли 2020 ба арафаи Иди Қурбон аз ҷониби кормандони Шўро ва кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи вилоят баҳри ободу зебо намудани кўчаи марказӣ ва атрофи Хонаи иттифоқҳои касабаи вилоят шанбегӣ ташкил карда шуд.

Дар шанбегӣ 32 нафар кормандони Шўро ва кумитаҳои соҳавӣ иштирок намуда қисмати ҳамшафати ҷўйбори хиёбони Исмоили Сомонӣ, ҷўйбори гирду атрофи бинои Иттифоқҳои касаба аз партовҳо тоза карда шуда, майдонҳои ҳамшафати роҳ ва бино, ки бо дарахтони ҳамешасабз ва гулбуттаҳо оро дода шудаанд, аз алафҳои бегона тоза карда шуда, партовҳои он бароварда шуданд.


Инчунин барои аз ҳашаротҳои зараровар пешгирӣ намудани гулзори гули садбарг ва дарахтони мевадиҳанда коркард гузаронида шуд. Роҳравҳо ва буттаи дарахтони ҳамшафати роҳи асосӣ сафед карда шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандон ҳуҷраҳои корӣ тоза ва ба тартиб оварда шуд.


Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят тасмим гирифт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам корҳои тозагиву ободкорӣ, гузаронида ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *