Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ба муносибати иди касбӣ

Ҳамаи Шумо кормандони бошарафи соҳаи нақлиётро бо иди касбиатон муборакбод намуда, бароятон саодатмандӣ таманно дорам.

Нақлиёт яке аз рукнҳои асосии рушди кишвар маҳсуб ёфта фаъолияти бомайлони соҳа имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагонии мардуми кишвар беҳтар ва зиндагии инсонҳо осон гардад. Дар тӯли солҳои истиқлолият бошад инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмилалии кишвар мансуб меёбад. Ҳамчунин соҳаи нақлиёт дар рушди тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар нақши асосӣ бозида, яке аз воситаҳои ҳамлу нақли бору мусофирон ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба меъёрҳои муосир ҷавобгўй гардонидани инфрасохтори нақлиёт таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва ба истифода дода шудаанд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани кишвар ба ҳайси қаламрави транзитӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, зеро имрӯз тавассути коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ, ба мисоли роҳҳои автомобилгарди Осиё, ЕврАзЭС, ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ЕС, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, ҳамлу нақли транзитӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Боиси хушнудист, ки Тоҷикистони азизи мо аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз њадафњои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёфт, раҳо гардид ва дар беҳдошти минбаъдаи он нақшаҳои бориз дорад.
Ин соҳа низ чун тамоми соҳаҳо дорои кумитаҳои иттифоқҳои касаба аст ва ҳимояи ҳуқуқу фаъолияти онҳо вазифаи ҷонии мо маҳсуб мешавад. Мо ба аъзоёни худ, ки дар соҳаи нақлиёт фаъолият доранд, ифтихор мекунем ва дар пешрафти рўзгор ва корашон дастгирии доимии худро пешниҳод менамоем.
Бори дигар кулли кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро, ки барои пешрафти соҳа саҳми назаррас мегузоранд, бо ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуда, саломатии бардавом, ободии рўзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, дўстони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *