Баргузории ҷаласаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

Дар толори калони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 бо иштироки аъзоёни Раёсат, раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ, кормандони дастгоҳи Шӯро, нозирони ҳифзи меҳнат, нозирони ҳифзи ҳуқуқи кумитаҳои вилоятии соҳавӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа инчунин Назарзода Нигора Нураҳмад – муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштирок намуданд.

Оиди фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2020 муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Обидзода Нумон Юлдошӣ баромад намуд. Дар маърӯза самтҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба бо бурду бохташ дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти ҷаласа раисони кумитаҳои вилоятии соҳавии кормандони маориф ва илм Мираватов М.С., соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Маллаев О.М. ва соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ Исоев А.А. оиди фаъолияти кумита ҳисобот доданд.

Сипас аз ҷониби раиси Шӯро Шарифулло Абдуллозода тариқи саволу ҷавоб бо раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ оиди фаъолият ва норасогиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда шуд ва дастуроти хешро дар ҳаллу фасли масъалаҳо иброз кард.

Дар қисмати дуюми ҷаласа Нақшаи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нимсолаи дуюми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ гардид.

Муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Назарзода Нигора Нураҳмад баромад намуда оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди минбаъдаи Иттифоқҳои касаба ибрози назар кард. Мавсуф қайд намуд, ки нисбати фаъолияти Иттифоқҳои касаба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва ба мо ҳамчун қувваи созандаву пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварӣ доранд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар воҳӯрӣ бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардида буд, Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шудааст ва мавриди амал қарор дорад. Бо мақсади иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои мазкур барои таҳияи лоиҳаи Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи он такмил дода шуд.

Ҳамчунин оиди ҷудо намудани маблағ дар ҳар як ташкилоту корхонаҳо барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон, оиди пурзӯр намудани фаъолият дар самти таъмини бехатирии меҳнат дар ҷои кор,  таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии кормандон, ҳамчунин оиди эҳёи ташкилотҳои нав дар корхонаҳое, ки иттифоқи касаба надоранд, пешниҳодҳои ҷолиб баён намуд.

Дар ҷаласа чанд нафар фикру андешаҳои худро баён карданд ва ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Бо ҳамин ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *