Муборакбодии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад. Бо камоли эҳтирому самимияти афзун ҳамаи ҳамдиёрон, кормандон ва фаъолони иттифоқҳои касабаи вилоятро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дароз, бахту саодати бегазандро таманно менамоям.

Ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мо қарор дошт. Расидан ба сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии мо мебошад. Дар бораи аҳамияти ин падида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дақиқ иброз доштанд, ки Созишномаи  сулҳ бо арзиши бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва татбиқи бомуваффақияти андешаи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъйинкунанда доранд. Тамоми дастовардҳое, ки мардуми ҷумҳурӣ дар марҳилаи ҳозира бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ  қарор додааст, аз мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд, зеро ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ободонии кишвар мебошанд. Дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол давом карданд, эҳсоси хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият ёфт. Маҳз барқарори сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳо шаванд. Масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштиву ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллӣ буд. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ, дар ҷомеа насли нав ва неруҳои сиёсию ҷамъиятии наве ба миён омадаанд, ки онҳо низ бояд худро дар мафҳуми фарогири Ваҳдати миллӣ амалан шарик бинанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти дохилии миллӣ, балки арзиши бузурги байналмилалӣ низ дорад. Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъат меёбанд. Ҳамзамон, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ Ваҳдати миллӣ бо баъзе таҳдидҳои наве рӯ ба рӯ гаштааст, ки моҳияти иттилоотӣ ва шабакавӣ доранд. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки роҳҳои иттилоотӣ ва муосири ҳифзи Ваҳдати миллӣ низ истифода шаванд. Ваҳдати миллии комил ҳамон вақт ҷомаи амал мепӯшад, ки мо корҳои оғозкардаи худро бо заҳмати шабонарӯзии аҳлона, софдилона ва содиқона ба анҷом расонем. Шукр мегӯем ва шукрона аз он дорем, ки Ваҳдат насибамон гашт. Бале, тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободонии Ватан танҳо дар сурати Ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд. Имрӯзҳо дар радифи ҳамватанон кормандони соҳаи Иттифоқҳои касаба корҳои бунёдкоронаву созандагиро ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ амалӣ карда истодаанд.

Воқеан мо бояд ҳамчун ватандору ватандӯст дар партави нишондоди Пешвои миллат, Ҳукумати Тоҷикистон дар канори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар замири худ эҳсоси наҷиби Ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намоем. Зеро иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон ба ҳайси як ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамеша барои сулҳу осоиштагӣ, ягонагӣ ва ҳамраъйии аҳли меҳнат дар кишвар саҳми назаррас дорад.

Бори дигар ҳамаи ҳамкорони арҷмандро бо Иди Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, хоҳони он ҳастам, ки ҳаёти ҳамаи Шумоён ҳамеша рангину ботароват, пурфайзу бобаракат бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, дӯстони азиз!

Шарифулло АБДУЛЛОЗОДА,

раиси Шӯрои иттифоқҳои

касабаи вилояти Суғд

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *