БЕТАРАФ НЕСТЕМ! КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

Субҳи 23 – июни соли равон аъзоёну фаъолони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм бо роҳбарии муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Толиб Оқилов ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф Мӯсобек Мироватов дар назди бинои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва бозори Панҷшанбе корҳои тарғиботиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ба роҳ монданд.

Зимни мулоқот бо сокинон таъкид гардид, ки бо вуҷуди кам гардидани сироятёбии сокинон ба бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам хатари он аз байн нарафтааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар баъзе аз давлатҳо паҳншавии мавҷи дуюми пандемияи коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз бояд шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода бура, фосилаи байниҳамдигариро риоя намоянд.  (Аксҳо аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *